Ба касбомӯзӣ фаро гирифтани маъбон дар ноҳияи Айнӣ

Айни замон 30 нафар маъюбон аз тамоми ноҳия ба касбомӯзии ройгон ҷалб гардидаанд.

Дар маросими ифтитоҳи расмии маркази касбомӯзии мазкур муовини раиси ноҳия Зокирзода Гулсара, сардори шӯъбаи иқтисод ва савдо Бобоҷонов Шодиқул ва намояндагони дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ ва инчунин васоити ахбори омма ширкат варзиданд.

“Бисёр ҷавонон аз набудани корҳои сердаромад дар кишвар шикоят карда, барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, аммо дар асл сабаби асосӣ надоштани ягон касбу ҳунар аст. Боварӣ дорам, ки ин маркази касбомӯзӣ дар беҳтар кардани сатҳи зиндагии ҷавонон, алалхусус шахсони дорои маъюбият (ШДМ), ки дорои қобилиятҳои зиёди кории нуҳуфта мебошанд, нақши муҳим хоҳад бозид”, гуфт Бобоҷонов Шодиқул.

Айни замон 30 нафар ШДМ аз тамоми ноҳия ба касбомӯзии ройгон аз рӯи ихтисосҳои дӯзандагӣ ва ошпазӣ-қаннодӣ ҷалб гардидаанд. Баъд аз хатми ин курсҳо, ки ҳар кадоме се моҳ давом меёбад, хатмкунандагон бо шаҳодатномаҳои тасдиқнамудаи Маркази таълими калонсолон дар ноҳияи Айнӣ сарфароз гардонида мешаванд. Шаҳодатномаҳои мазкур ба ШДМ имконият медиҳанд, ки онҳо соҳиби кори хуб шуда, зиндагии худро мустақилона пеш баранд.

Маркази касбомӯзӣ аз 3 ҳуҷра иборат буда, яке ҳамчун толори омӯзишӣ барои дарсҳои назариявӣ, дигаре ҳамчун ошхона барои дарсҳои амалии ошпазӣ-қаннодӣ ва сеюмин барои дарсҳои амалии дӯзандагӣ истифода мешавад. Дар доираи Лоиҳа тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои ин маркази касбомӯзӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, мошинаҳои дарздӯзӣ, дарзмол, яхдон, плиткаи барқӣ, тафдон ва ғайраҳо таъмин карда шуд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи “Дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони дорои маъюбият дар ноҳияи Айнӣ”, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва КАРИТАС Олмон маблағгузорӣ мегардад, аз моҳи январи соли соли 2018 ин ҷониб фаъолият мекунад ва ҳадафи он беҳтар кардани дастрасии шахсони дорои маъюбият, аз ҷумла кӯдакони дорои маъюбият ба хизматрасониҳои босифати давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар ноҳияи Айнӣ мебошад.