Оғози марҳилаи хотимавии лоиҳаи рушди таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҳисор

@ASIA-Plus

Оид ба пешбурди ин навъи таҳсил барои кӯдакони имконияташон маҳдуд шартномаи грантӣ ба имзо расид.

Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон ва Сафорати Ҷопон шартномаи грантиро оид ба “Рушди Таҳсилоти Фарогир барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд дар шаҳри Ҳисор (Марҳилаи 3-юм)” ба имзо расонданд.

Ассотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон тасмим гирифтааст, ки лоиҳаи яксоларо оид ба таҳсилоти фарогир барои кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуди шаҳри Ҳисор бо маблағгузории ҳукумати Ҷопон амалӣ намояд.

Маросими ба имзорасии лоиҳаи мазкур санаи 31-уми июли соли ҷорӣ дар Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маросими мазкур, ҷаноби Ҳаҷиме КИТАОКА, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаҳо аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи ш. Ҳисор ва мактабҳои шарик иштирок намуданд.

Тариқи ҳамкории зич бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати маорифи ш. Ҳисор, АКД Ҷопон мақсад гузоштааст, ки кушишҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба таҳсилоти фарогир, ки дар “Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015” муайян гардидааст ва аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон 30 апрели соли 2011 (№228) тасдиқ гардидааст, дастгирӣ намояд.

Инчунин, дар доираи лоиҳаи мазкур, АКД Ҷопон роҳравакҳои аробачаҳои маъюбӣ, дастқапакҳо ва ҳоҷатхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3, №12 ва №52-и ш. Ҳисорро пурра таъмир намуда, барои хонандагони имконияташон маҳдуд шароити мусоидро фароҳам меорад. Ба ғайр аз корҳои барқарорсозӣ, аробачаҳои маъюбӣ, асбобҳои ёрирасон ва лавозимоти таълимӣ барои синфхонаҳои мутобиқгардоние, (адаптивный класс) ки аз тарафи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии дар боло зикр гардида ҷудо шудаанд, дастрас карда мешаванд.

Илова бар ин, якчанд курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо ва фаъолиятҳо барои баланд бардоштани маълумотнокӣ бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи тафаккури кадрҳо оид ба таҳсилоти фарогир ва ворид намудани кӯдакони имконияташон маҳдуд дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронда мешаванд.

Лоиҳаи мазкур марҳалаи охирин аст, ки АКД Ҷопон вобаста ба таҳсилоти фарогир дар шаҳри Ҳисор амалӣ хоҳад намуд. Тибқи лоиҳаи гузашта, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи №2, №5, №15 ва №24 шаҳри Ҳисор фаъолиятҳои хешро дар самти таҳсилоти фарогир бо ҳамкории АКД Ҷопон оид ба пешбурди таҳсилоти фарогир идома хоҳанд дод.