Чорабинии “Шабе дар осорхона” дар Душанбе

Ин чорабинӣ бори нахуст соли 1997 дар Берлин барпо шуда буд.

Сурат: Asia-Plus

“Шабе дар осорхона” чорабинии байнулмилалиест, ки ҳамасола санаи 18 май ба ифтихори Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо гузаронида мешавад. Бори нахуст соли 1997 дар Берлин барпо шуда буд.

Аксҳо аз Asia-Plus

Дар ин шаб дари аксари осорхонаҳои ҷаҳон қариб то субҳ барои тамошобинон боз аст. Ҳадафи аслии чорабинӣ шиносоӣ бо имконоти осорхонаҳо ва нигораҳои он, ҳамчунин ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба донистани таърихи халқу кишвар аст.